“Манчестер Сити” ивазкунандаи Агуэроро пайдо кард. Акнун ба даста зарур аст, ки бо “Челси” ва “Реал” рақобат кунад

Ҳамлагари “Боруссия”-и Дортмунд Эрлинг Ҳоланд метавонад карйераашро дар Англия идома диҳад. Ба харидории футболбози 20-сола “Манчестер Сити” ҳавасмандӣ дорад.

Ҳоланд нақшаи асосии трансферии сармураббии “шаҳриҳо” Хосеп Гвардиола мебошад. Дар симои Эрлинг даста ивазкунандаи Серхио Агуэроро мебинад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Манчестер Сити” байни 2 номзад интихоб карда истодааст – Эрлинг Ҳоланд аз “Боруссия” ва Ромелу Лукаку аз “Интер”. Акнун бошад, Гвардиола интихоби ниҳоии худро кард ва даста омода аст, ки барои харидории Ҳоланд 115 миллион евро сарф кунад.

Барои ба даст овардани Ҳоланд инчунин “Челси” ва “Реал” мубориза мебаранд. Дар ин мавсим Эрлинг дар 21 бозӣ 22 гол задааст ва 5 партофти головар додааст.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии