Лэмпард орзу дорад, ки сармураббии “Барселона” шавад

Сармураббии “Челси” Фрэнк Лемпард мехоҳад дар оянда “Барселона”-ро роҳбарӣ кунад, хабар медиҳад журналист Гилйем Балаге.

“Орзуи ӯ кор кардан дар Ла Лига аст. Ҳангоме, ки Лэмпард футболбоз буд, мехост инҷо бозӣ кунад, аммо акнун мехоҳад яке аз дастаҳоро роҳбарӣ кунад.

Ӯ мехоҳад сармураббии “Барселона” шавад”, – гуфт Балаге дар барномаи Onze.

Балаге қайд кард, ки соли 2005 Лэмпард қариб бо “Барселона” шартнома баста буд, вақте ӯ дар “Челси” ҳунарнамоӣ мекард.

Хотиррасон мекунем, ки ояндаи мутахассиси 42-солаи англис дар дастаи лондонӣ номаълум аст, зеро натиҷаҳои охирони даста хело бад мебошанд.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии