«Ливерпул» нақша надорад, ки зимистон ҳайаташро пурқувват кунад, хабар медиҳад The Athletic.
Ба ҷароҳати ҳимоятгарон Вирҷил ван Дейк ва Ҷо Гомес нигоҳ накарда, «мерсисайдиҳо» бо эҳтимоли зиёд зимистон ягон трансфери нав анҷом нахоҳанд дод.
Роҳбарияти «Ливерпул» ният надорад, ки барои пур кардани мавқеи футболбозоне, ки баъди барқарор шуданашон боз бармегарданд, трансферҳои нав анҷом диҳад, зеро онҳо зидди стратегияи трансферии даста мебошанд.
Қаблан сармураббии даста Юрген Клопп ҳам қайд карда буд., ки барои харидани футболбозони нав ниёз нест.