Лео Месси дар рӯйхати бомбардирони Ла Лига ба ҷойи якум баромад

“Барселона” дар даври 18-уми Ла Лига бо “Гранада” бозӣ карда истодааст (3:0 пас аз қисми якум).

Ҳамлагари дастаи каталонӣ Лионел Месси дар дақиқаи 35-ум аз партофти головари Гризманн гол зад. Дар дақиқаи 42-юм бошад, аз зарбаи ҷаримавӣ як голи дигарро ба ҳадаф расонид.

Месси дар 5 бозии “Барселона” дар Ла Лига 8 хол (6 гол + 2 партофти головар) гирифт. Ҳамлагар ба дар бозӣ гузашта бо “Атлетик Билбао” (3:1) дубл кард. Ӯ ҳамчунин зидди «Валядолид» (3:0) ва «Валенсия» (2:2) як голӣ зад. Дар бозиҳо зидди «Валядолид» ва «Уэска» (1:0) Месси ба ҳамдастаҳояш партофтҳои головар дод.

Бо шарофати ин дубл ҳамлагари аргетинӣ дар рӯйхати бомбардирони Ла Лига дар ин мавсим ба ҷойи якум баромад. Месси дар 17 бозӣ дар ҳисоби худ 11 гол дорад. Ҷойи дуюмро собиқ ҳамдастаи ӯ, ки айни ҳол дар “Ателетико” ҳунарнамоӣ мекунад, ишғол кардааст. Ӯ дар 12 бозӣ 9 гол задааст.

Хабарҳои монанд:
5 1 голос
Ваша оценка
guest
Имя
1 Комментария
Старые
Новые Популярные
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
Сиёвуш
Сиёвуш
2 лет назад

Бехтарин барнома