Кӣ беҳтарин футболбози ҳафтаи Лигаи чемпионҳо мешавад?

Ҳамаи номзадҳо барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин футболбози ҳафтаи Лагаи чемпионҳо маълум шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти мусобиқа дар сомонаи расмии УЕФА хабар медиҳад.

Аз рӯйи натиҷаи 4 бозии аввали даври 1/8 ниҳоии ЛЧ дар рӯйхат номи 4 футболбоз ворид карда шуд – ҳамлагари “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ, ки ба дарвозаи “Лейптсиг” гол зад (2:0), муаллифи хет-трик дар бозӣ бо “Барселона”, ҳамалагари “ПСЖ” Килиан Мбаппе ва инчунин ҳамлагари “Боруссия”, ки дар бозӣ бо “Севиля” (3:2) дубл анҷом дод. Нимҳимоятгари “Порту” Сержиу Оливейра, ки дар рақобат бо “Ювентус” беҳтарин футболбози вохӯрӣ дониста шуд, нафари охирон дар ин рӯйхат мебошад.

Акнун ғолибро аз рӯйи овоздиҳӣ дар сомонаи расмии мусобиқа муайян мекунанд.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
1 Комментария
Старые
Новые Популярные
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
БОБОЧОН
БОБОЧОН
2 лет назад

ХОЛЛАНД
ВА
САЛОХ