Ҳамлагари «Ювентус» Криштиану Роналду дар бозӣ бо «Удинезе» (4:1) дубл кард ва дар рӯйхати бомбардирони чемпионати Италия ба ҷойи якум баромад.
Ҳамлагари португалӣ дар 11 бозӣ 14 гол задааст. Ҳамлагари “Интер” Ромелу Лукаку дар рӯйхати бомбардирон бо 12 гол дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст.
Дар даври 15-уми Серияи А «туриниҳо» «Удинезе»-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд. Дар қисми якум Криштиану Роналду Ҳисоби бозиро кушод. Дар оғози қисми дуюм Федерико Кйеза пешсафии «Ювентус»-ро бештар кард, Роналду партофти головар дод. Дар дақиқаи 70-ум Криштиану муаллифи дубл шуд. Дар анҷоми вохӯрӣ футболбози «Удинезе» Марвин Зегелар ягона голи дастаашро ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаиҳои иловагӣ Пауло Дибала голи 4-уми дастаашро зада, ба ин бозӣ нуқта гузошт.