Федератсияи байналмиллалии омор ва таърихи футбол (IFFHS) 3 футболбози беҳтарини аврупоиро дар даҳсолаи охир номбар кард.
Ба ин рейтинг беҳтарин футболбозони кишварҳои Аврупо дар давраи 2011 то 2020 дохил шуданд.
Беҳтарин футболбози даҳсолаи охир дар Аврупо ҳамлагари “Ювентус” ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дониста шуд.
Дар ҷойи дуюм ҳимоятгари “Реал” ва мунтахаби Испания Серхио Рамос ва дар ҷойи сеюм дарвозабони “Бавария” ва мунтахаби Олмон Мануэл Нойер қарор гирифт.