Коутиню метавонад дигар дар “Барселона” бозӣ накунад

Нимҳимоятгари “Барселона” Филиппе Коутиню ин мавсим метавонад дигар дар дастаи каталонӣ бозӣ накунад, хабар медиҳад журналист Хави Мигел.

“Яке аз вазифаҳоии асосии дастаи каталонӣ – сарфа кардани маблағ мебошад, аммо Коутиню метавонад ин нақшаҳои “Барселона”-ро вайрон кунад.

Дастаи каталонӣ маҷбур аст, ки ба “Ливерпул” 5 миллион евро ҳамчу бонус пардохт кунад, агар Филиппе дар ҳайати онҳо 7 бозии дигар анҷом диҳад. Ин кор рух нахоҳад дод”, – гуфт журналист.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки то анҷоми ин мавсим “Барселона” вазифадор аст ба “Ливерпул” барои Коутиню 29,254 миллион евро пардохт кунад.

Дар умум барои нимҳимоятгари бразилӣ дастаи каталонӣ 120 миллион евро пардохт кардааст ва инчунин метавонад 40 миллиони дигар ҳамчу бонус диҳад. Футболбоз бо “Барселона” то июни соли 2023 шартнома бастааст.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии