Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп оиди рақобат бо “Лейптсиг” (2:0) дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо фикри худро баён кард.
“Мо бояд чунин ҳунаранмоӣ мекардем, ин бозӣ бароямон аҳамияти калон дошт.
“Лейптсиг” рақиби хело хатарнок аст, онҳо аз ҷиҳати физикӣ хело хуб омодаанд. Дар рақобати имрӯза мо тавонистем ҳам бозӣ ва ҳам онҳоро идора кунем. Мо дар ҳақиқат бозии хуб кардем ва ин натиҷаро сазовор гардидем.
Даста хуб ҳимоя мекард ва хуб тӯбро аз рақиб мегирифт. Бозӣ хело мушкил буд, ҳеро ҳамагӣ чанд рӯз пеш мо “Лестер” қувваи зиёд сарф карда будем. Аммо ин ҳоло рақобати якум аст.
Мо медонем, ки бисёриҳо боз шикасти моро интизор буданд. Дар давоми 2 сол мо дар ҳақиқат ҳунарамоии хуб карда будем, аммо имсол дар даста мушкилиҳо ҳастанд. Бисёриҳо ба замин задани “Ливерпул”-ро интизоранд, аммо бачаҳо имрӯз он ба бадхоҳони мо ҷавоби арзанда доданд”, – гуфт Клопп.