Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп оиди ҳунарнамоии дарвозабон Алиссон Бекер дар даври 23-юми Премйер-лигаи Англия зидди “Манчестер Сити” фикри худро баён кард.
Дар мобайни қисми дуюм, вақте ки ҳисоб 1:1 буд, Алиссон ба хатогии дағал роҳ дод, ки ин ҳодиса бо голи футболбозони “Сити” анҷом ёфт. Ҳамагӣ пас аз 3 дақиқа шогирдони Гвардиола боз аз хатогии дарвозабони бразилӣ истифода карда, гол заданд. Дар дақиқаи 83-юм бошад, ҳисоб 4:1 шуд, зеро Алиссон натавонист зарбаи Фил Фоденро, ки рост ба тарафи ӯ зада шуд, бартараф кунад.
“Шояд пойҳои Алиссон ях карда бошанд? Ин хандаовар метобад, аммо чунин ҳолат шуданаш мумкин аст”, – гуфт Клопп.