“Интер” нақша дорад, ки ном ва логотипи дастаро моҳи марти соли 2021 иваз кунад.
Айни ҳол номи расмии даста “Football Club Internazionale Milano” мебошад. Пас аз 1 моҳ он бо “Inter Milano” иваз карда мешавад, зеро берун аз Италия даста бо ин ном бештар машҳур аст.
Ҳамчунин даста алакай логотипи нави худро ба қайд гирифт. Акнун он чунин мешавад:

Хабар дода мешавад, ки “Интер”-ро боз якчанд тағйиротҳои дигар интизоранд. Аз ҷумла, даста метавонад сарпарасти асосии худро иваз кунад ва аз майдони “Сан Сиро”, ки дар он ҳамчунин дастаи “Милан” ҷойгир аст, ба варзишгоҳи дигар равад.
Ном ва логотипи ҳозираи дастаро соли 1908 ташкилкунандаҳои “Интер” тасдиқ карда буданд. Ин тағйиротҳо 9-уми март амалӣ мегарданд, вақте даста 113-солагиашро ҷашн мегирад.