Зидан боварӣ надорад, ки Рамос дар даста боқӣ мемонад

Сармураббии “Реал” Зинедин Зидан кафолат дода наметавонад, ки ҳимоятгар Серхио Рамос дар даста боқӣ мемонад.

“Ман намедонам, ки ҳамаи моро дар оянда чӣ интизор аст. Айни ҳол Серхио бо мо аст ва айни ҳол даста диққати худро ба бозии оянда равона кардааст. Ҳеҷ кас то ҳол намедонад, ки ояндаи Рамос чӣ гуна мешавад. Дар футбол пешгӯӣ кардан хело мушкил аст.

Ҳамаи мо мехоҳем, ки агенти ӯ бо роҳбарияти даста ба розигӣ расад. Чунин суханҳоро ҳамчунин нисбати Лукас Васкес мегӯям. Ба ман бисёр чунин саволҳо медиҳанд, аммо ҷавоби ман тағйир нахоҳад ёфт”, – гуфт Зинедин Зидан.

Тибқи овозаҳо, сарватмандтарин дастаҳои аврупоӣ – “Манчестер Сити” ва “ПСЖ” мехоҳанд Рамосро харидорӣ кунанд.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии