Зидан ба журналистон ҷавоби дағал дод

Сармураббии “Реал Мадрид” Зинедин Зидан дар нишасти матбуотӣ ба журналист ҷавоби дағал дод. Ба мутахассиси фаронсавӣ боз оиди бозии бебарори даста ва натиҷаҳои бад савол доданд.

“Шумо маро ба ханда меоред. Мо сазовори он ҳастем, ки рақобатро дар чемпионат идома диҳем. Соли гузашта мо дар Ла Лига ғолиб шудем. Соли гузашта, на ин ки 10 сол пеш. Шумо бояд каме бошад ҳам нисбати мо эҳтиром дошта бошед.

Шояд ман ягона нафаре бошам, ки ҳар рӯз оиди аз даста хориҷ карданам фикр мекунам. Ман худро хушбахт ҳис намекунам, вақте ҳар бор пас аз бозии бад ба ман чунин саволҳо медиҳанд. Ман аз ҷониби журналистон сазовори чунин муносибати бад нестам. Барои ман фахри бузург аст, ки дастаеро чун “Реал” роҳбарӣ мекунам. Ман хело хашмгинам, зеро мо кӯшиш карда истодаем ҳамаи нақшаҳоямонро иҷро кунем. Мо дар кори худ меҳнати софдилона карда истодаем, шумо бошед дар кори худ. Аммо шумо бояд каме заҳматҳои моро эҳтиром кунед.

Бешубҳа, соли оянда ба мо зарур аст, ки чизеро тағйир диҳем, аммо дар ин мавсим мо сазовори он ҳастем, ки бозӣ карданро идома дода, ҳунарнамоичмонро нишон диҳем”, – гуфт Зидан.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии