Зидан: аз хет-трики Мбаппе зидди “Барселона” ҳайрон нестам

Сармураббии “Реал” Зинедин Зидан оиди ҳунарнамоии ҳамлагари “ПСЖ” Киллиан Мбаппе, ки дар бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо зидди “Барселона” (4:1) хет-трик анҷом дод, фикри худро баён кард.

“Ҳамаи бозиҳои ӯро тамошо мекунам ва ба ман писанд аст, зеро ӯ ҳамеша хуб ҳунарнамоӣ мекунад. Аммо хет-трики ӯро ба дарвозаи каталониҳо ман ҳамчу мухлис баҳо хоҳам дод. Мбаппе ва Ҳоланд – ивазкунандаҳои Месси ва Роналду? Дар оянда хоҳем дид. Онҳо хело хуб бозӣ мекунанд, мисли Месси, Криштиану, Неймар, аммо ҷавонанд.

Бале, ҳама оиди ҳунарнамоии Мбаппе зидди “Барселона” гап мезананд ва воҳима мекунанд, аммо коре, ки Килиан анҷом дод, маро ҳайрон накард. Ман ӯро дер боз мешиносам ва медонам, ки ба чӣ кор қодир аст”, – гуфт Зидан.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии