Журналист Марио Скончерти пас аз бохти “Ювентус” аз “Порту” (1:2) Криштиану Роналдуро сахт танқид кард.
“Роналду қариб шарманда шуда истодааст. Ӯ гӯё дар майдон вуҷуд надорад, ба ӯ кӯмак лозим аст. Ҳама чиро иваз карда мешавад, аммо дар имрӯза бозӣ “Ювентус” бадтарин ҳунарамноии худро дар ин мавсим нишон дод”.
“Касе бояд чораи Роналдуро андешад. Мушкилӣ аён аст. Чаро ӯ ҳоло ҳам дар “Ювентус” аст, ман намефаҳмам. Чӣ ӯро дар даста нигоҳ дошта истодааст? Бе ӯ ҳам дастаи туринӣ пурқувват буд. Роналду хело якрав будааст”, – гуфт Скончерти.