Сармураббии “Атлетико Мадрид” Диего Симеоне гузариши ҳамлагари “Лион” Мусса Дембелеро ба даста тасдиқ кард.
“Ҳоло шартнома баста нашудааст, аммо гуфтушунидҳо хело хуб рафта истодаанд”, – гуфт Симеоне ба журналисти италиявӣ Фабритсио Романо.
Хабар дода мешавад, ки ҳамлагари фаронсавӣ ҳамчу ивазкунандаи Диего Коста ба даста меояд. Дембеле ба ҳйаси иҷора ба дастаи мадридӣ гузариш мекунад ва баъдан бо нахри 33 миллион евро пурра харида мешавад.
Дар мавсими ҷорӣ Мусса Дембеле дар 16 бозии чемпионати Фаронса иштирок карда, 1 гол задааст.