Бо “Ливерпул” чӣ рух дода истодааст? “Мерсисайдиҳо” 5 бозӣ пайиҳам дар майдони худ ғалаба намекунанд

Дар даври 23-юми Премйер-лигаи Англия “Ливерпул” бо ҳисоби 1:4 аз “Манчестер Сити” шикаст хӯрд.

Дастаи Юрген Клопп силсилаи бидуни ғалабаи худро дар рақобатҳои хонагиаш ба 5 бозӣ расонд – 3 бохт ва 2 мусовӣ.

Охирон бор “мерсисайдиҳо” 16-уми декабр соли 2020 дар “Энфилд” дар бозӣ зидди “Тоттенхэм” ғалаба карданд буданд.

Хотиррасон мекунем, ки бори охир “Ливерпул” соли 1963 дар 3 бозии хонагиаш пайиҳам ғалаба ба даст оварда натавониста буд.

Хабарҳои монанд:
4 1 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии