Нашрияи ВВС дар сомонаи худ байни мухлисон барои муайян кардани беҳтарин гузарише, ки дар трансфери зимистона рух додааст, овоздиҳӣ гузаронид.
Дар овоздиҳӣ трансферҳои Бруну Фернандеш, Немани Видич, Патрис Эвра (ҳама – «Манчестер Юнайтед»), Вирҷил ван Дейк, Филиппе Коутинйо (ҳама – «Ливерпул»), Пйер-Эмерик Обамеянг («Арсенал») ва боз як қатор футболбозони дигар гузошта шуда буданд.
Ҳамин тавр, аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳӣ трансфери Бруну Фернандеш бо соҳиб шудани 31%-и овозҳо беҳтарин гузариши зимистона дониста шуд. Зимистони соли гузашта “МЮ” нимҳимоятгарро бо нархи 47 миллион фунт аз “Спортинг” харидорӣ карда буд.
Дар ҷойи дуюм трансфери Ван Дейк (26%) ва дар ҷойи сеюм трансфери Луис Суарес ба “Ливерпул” (13%) қарор гирифтанд.
О да овоздихи раналдо набдай ку номш не