Бейл мехоҳад ба “Реал” баргардад ва охирон имконияташро истифода кунад

Ҳамлагари “Реал Мадрид” Гарет Бейл, ки айни ҳол ба ҳайси иҷора дар “Тоттенхэм” бозӣ мекунад, мехоҳад ба “дастаи шоҳона” баргашта, то анҷомёбии шартномааш инҷо ҳунарнамоӣ кунад.

Тибқи маълумоти AS, ҳамлагар мехоҳад аз охирон имконияти бозӣ кардан дар “Реал” истифода кунад. Шартномаи Гарет бо дастаи мадридӣ то тобистони соли 2022 амал мекунад. “Реал” дар навбати худ мехоҳад аз Бейл ҷудо шавад ва маблағи худро барои трансфери ҳамлагари “ПСЖ” Килиан Мбаппе сарф намояд.

Ҳангоме, ки “Реал” Бейлро ба “Тоттенхэм” ба иҷора дод, умед дошт, ки дастаи англисӣ ӯро пурра мехарад, аммо ҷароҳатҳо ва ҳолати бади варзишии футболбоз аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ тобистон боз ба Мадрид бармегардад.

Дар ин мавсим дар Премйер-лигаи Англия Бейл 4 бозӣ карда, 1 гол задааст.

Хабарҳои монанд:
5 1 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии