Баҳси Ҳабиб Нурмагомедов ва “Барселона” дар Инстаграм

Ҳабиб Нурмагомедов пеш рақобати даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо – “Барселона” – “ПСЖ” расми худро, ки дар яке аз кӯчаҳои пойтахти Каталония қарор дорад, дар инстаграми худ гузошт. Ҷанговар зери он чунин навишт:

“Дар роҳ ба сӯйи “Камп Ноу”. Ба пеш, “ПСЖ”. #HalaMadrid”. Бо охирон ҷумлаи худ Ҳабиб тасдиқ кард, ки ӯ мухлиси “Реал” аст, бинобар ин дар он рақобат дастаи парижиро тарафдорӣ хоҳад кард.

“Барселона” ба ин пости Ҳабиб чуни ҷавоб дод:

“Ту боварӣ дорӣ? Ҳеҷ вақт барои тағйир ёфтан дер нашудааст”.

Ба ин шарҳи дастаи каталонӣ Нурмагомедов ҷавоби хело зебо дод:

«Аз соли 1998 ман мухлиси «Реал» ҳастам, аммо дастаи бузург будани «Барселона»-ро ҳеҷ кас рад карда наметавонад. Дар ин давраи мушкил ба шумо бурдбориҳо хоҳонам».

Хотиррасон мекунем, ки бозӣ бо ҳисоби 1:4 ба фоидаи “ПСЖ” ба анҷом расид. Рақобати ҷавобӣ 11-уми март, соати 01:00 ба вақти Тоҷикистон.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии