Аввалин бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо байни дастаҳои “Лейптсиг” ва “Ливерпул” дар Олмон баргузор намешавад.
Дар ин бора намояндаҳои ҳукумати Олмон хабар доданд.
Пас аз пайдо шудани намуди нави коронавирус, ки онро “вируси британӣ” ном мебаранд, Олмон бо Британияи Кабир то 17-уми феврал парвозҳоро қатъ кардааст.
Ин маҳдудият аз рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта оғоз гардид ва қайд карда шуд, ки махсус барои “Ливерпул” фармонҳои дигар нахоҳанд буд.
Дар УЕФА хабар доданд, ки барои баровардани қарори ниҳоӣ айни ҳол бо федератсияи футболи Олмон ва ҳукумати ин кишвар гуфтушунид карда истодаанд. Ташкилот метавонад ба хулосае ояд, ки бозиҳоро баръакс баргузор намояд, яъне вохӯрии якум дар майдони “Ливерпул” ва бозии ҷавобӣ дар майдони “Лейптсиг”.
Аммо дастаи олмонӣ розӣ нест ва кӯшиш мекунад, ки бозии аввал дар майдони худаш баргузор шавад. Ҳамчунин “Лейптсиг” метавонад майдони ягон кишвари дигар бозии худро баргузор кунад. Дар акси ҳол УЕФА дастаро ҷазо хоҳад дод ва ба ҳисобаш бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 сабт карда мешавад.