“Атлетико”, шарманда! Шогирдони Симеоне дуюм мавсим пайиҳам дар Ҷоми Испания аз дастаи дивизиони сеюм шикаст мехӯранд

“Атлетико” дар меҳмонӣ аз дастаи “Корнелйе” (0:1), ки дар дивизиони 3-юм ҳунарнамоӣ мекунад, дар даври дуюми Ҷоми Испания шикаст хӯрд.

Мадридиҳо дар дақиқаи 7-ум аз ҳимоятгари “Корнелйе” Адриан Хименес гол сар дод. Дар дақиқаи 63-юм бошад, пас аз корти сурх гирифтани ҳимоятгар Рикард Санчес 10 нафара бозиро идома дод.

“Атлетико” дуюм мавсим пайиҳам дар Ҷоми Испания аз дастаи дивизиони 3-юм шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардида истодааст. Мавсими гузашта шогирдони Симеоне дар даври 1/16 ниҳоӣ аз дастаи “Културал Леонеса” (1:2) шикаст хӯрда буд.

Дар умум “Атлетико” 5-ум бор дар таърих дар Ҷоми Испания аз дастаи дивизиони 3-юм шикаст мехӯрад. Қаблан чунин ҳодиса 1930, 1931 ва 2011 рух дода буд.

Шавқовараш он аст, ки моҳи декабри соли 2011 баъди шикасти “Атлетико” аз дастаи дивизиони сеюм – “Албасете” дастаи мадридӣ сармураббиашро хориҷ карда, Диего Симеонеро ба ин вазифа таъйин карда буд.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии