Агенти футбол Хуниор Мингеля нақл кард, ки соли 2017 “Барселона” метавонист Килиан Мбапперо харидорӣ кунад.
Ҳамлагари ҷавон, ки дар “Монако” ҳунарнамоӣ мекард, хело наздик буд, то ба дастаи каталонӣ гузарад, аммо роҳбарияти ин даста Усмон Дембелеро интихоб карданд.
“Бале, ҳамааш айнан ҳамин хел аст. Ин ҳақиқат мебошад. Падари ман фаҳмид, ки Неймар бо “ПСЖ” алакай гуфтушунид кардааст ва аз “Барселона” меравад. Аммо роҳбарияти каталониҳо ё дар ин бора хабар надоштанд, ё ин ки ба овозаҳо бовар намекарданд ва худи Неймар ҳам ба даста хабар надод, ки ба наздикӣ меравад. Бинобар ин “Барселона” то рафтани Неймар нақша надошт ҳамлагар бихарад.
Вақте тасдиқ шуд, ки Неймар меравад, Бартомеу ва сармураббии онвақтаи даста маслиҳат карданд, ки кадом футболбозро ба ивази ҳамлагари бразилӣ харидорӣ кунанд. Ба роҳбарият Мбапперо пешниҳод карданд, аммо онҳо бар он ақида буданд, ки Дембеле нисбат та Килиан ба даста бештар мувофиқ аст. Ҳатто шунидам, ки онҳо Килианро “ҳеҷ кас” номидаанд.
Мо оиди трансфери Мбаппе гуфтушунид карда будем ва нархи ӯ 130 миллион евро буд. Маошаш бошад, бояд дар як сол аз 10 то 16 миллион евро мешуд”, – гуфт Мингеля.