Агенти Озил дар бораи рафтани футболбоз аз “Арсенал” фикрашро баён кард

Эркут Согут, агенти нимҳимоятгари “Арсенал” Месут Озил оиди рафтани эҳтимолии футболбоз аз даста фикри худро баён кард.

“Мо ҳуқуқ надоштем, ки то 1-уми январ бо дигар дастаҳо гуфтушунид кунем. Акнун бошад вариантҳои эҳтимолиро аз назар гузаронида истодаем. Номи дастаҳоеро, ки бо онҳо дар алоқа мебошем, гуфта наметавонам, зеро ин хуб нест. Аммо ягон ҷойи тааҷубаш нест, ки мо 6 моҳ пеш аз анҷоми шартнома бо дигар дастаро гуфтушунид карда истодаем ва барои Месут варианти беҳтаринро ҷустуҷӯ дорем.

Ӯ метавонад то тобистон дар “Арсенал” боқӣ монад, аммо зимистон рафтанаш ҳам мумкин аст. Ба Месут маъқул аст, ки инҷо боқӣ монад, аммо дар футбол ҳеҷ гоҳ намедонӣ, ки пагоҳ чӣ рух медиҳад, ҳама чиз метавонад зуд тағйир ёбад. Айни ҳол мо вариантҳоро ҳам барои зимистон ва ҳам барои тобистон аз назар гузаронида истодаем.

Агар мо ба хулосае оем, ки моҳи январ дастаро тарк мекунем, пас ба ман зарур аст, ки бо роҳбарияти “Арсенал” сӯҳбат кунам. Аммо агар мо тобистон аз инҷо равем, пас гуфтушунид бо намояндаҳои даста лозим нест. Пас аз 7-10 рӯз ҳамааш аниқ мешавад, зеро пас аз кушодашавии равзанаи трансферӣ ҳама чиз зуд рух медиҳад”, – гуфт агенти Озил.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии